Мо кор бар болои баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи инфрасохтори миллии сифат ва унсурҳои муҳимтарини он, ки барои таъмини боварӣ ба натиҷаҳои санҷишу ченкунӣ мусоидат мекунанд, идома медиҳем.
Рӯзи 10-уми июни соли 2026 дар назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, Ассотсиатсияи TAJLAB семинари шиносоии «Муқаддима ба ISO/IEC 17025: талаботи асосӣ ба салоҳияти лабораторияҳои санҷишӣ ва калибровкунӣ»-ро баргузор намуд.
Ин чорабинӣ барои аъзои нави Ассотсиатсия, инчунин аъзои Раёсат ташкил гардида буд ва барои онҳо имконияти хубе шуд, ки бо асосҳои стандарти байналмилалӣ шинос шаванд ва масъалаҳои мубрами соҳаи инфрасохтори миллии сифатро баррасӣ намоянд.
Аз ҳамаи иштирокчиён барои таваҷҷуҳ, иштироки фаъол ва кӯшиши рушди касбиашон миннатдорем ва ҳамкориро бо шарикони худ баланд қадр менамоем!